- Диданд: 116
1.Мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ.
2.Мутахасиси пешбари бахши занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлати ноҳияи Сангвор – ҷой маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ.
3.Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлати ноҳияи Сангвор – ҷой маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ
4.Мутахассиси пешбари шуъбаи маориф ноҳияи Сангвор – 1 ҷой маоши мансабӣ 1484,80 сомонӣ
5.Мутахассиси шуъбаи маориф ноҳияи Сангвор – 1 ҷой маоши мансабӣ 1218 сомонӣ.
6.Мутахассиси пешбари бахши иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор 1-ҷой маоши мансаби 1484,80 сомонӣ
7.Мутахассиси пешбари бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор 1-ҷой маоши мансаби 1484,80 сомонӣ
8.Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги ноҳияи Сангвор 1-ҷой маоши мансаби 1484,80 сомонӣ
Мақомоти худидоракунии деҳоти ноҳия
1.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Тавилдара- 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.
- Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Тавилдара - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.
3.Мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти Тавилдара – 1 ҷой маоши мансаби 1484,60 сомонӣ.
4.Нозири мизи ҳарбӣ- бақайдгирии ҷамоати деҳоти Тавилдара - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1415,20 сомонӣ
5.Мутахассиси ҷамоати деҳоти Тавилдара – 1 ҷой маоши мансабӣ 1218 сомонӣ
6.Сармутахассис- заминсозӣ ҷамоати деҳоти Чилдара - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ
7.Нозири мизи ҳарбӣ- бақайдгирии ҷамоати деҳоти Чилдара - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,60 сомонӣ.
8.Мутахассиси пешбари ҷамоати деҳоти Чилдара – 1 ҷой маоши мансаби 1484,60 сомонӣ.
- Мутахассиси ҷамоати деҳоти Чилдара – 1 ҷой маоши мансабӣ 1218 сомонӣ.
10.Сармутахассис (сармуҳосиб)-и ҷамоати деҳоти Заршӯён - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.
11.Нозири мизи ҳарбӣ бақайдгирии ҷамоати деҳоти Заршӯён -1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,60 сомонӣ.
12.Мутахассиси ҷамоати деҳоти Заршӯён – 1 ҷой маоши мансабӣ 1218 сомонӣ.
13.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Вахиё - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.
14.Сармутахассис- заминсозӣ ҷамоати деҳоти Ваҳдат - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ
15.Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Ваҳдат - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1728,40 сомонӣ.
16.Нозири мизи ҳарбӣ бақайдгирии ҷамоати деҳоти Вахиё -1 ҷой, маоши мансабӣ 1484,60 сомонӣ
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи
меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УE ( фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18.02.2020,№1458)
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2023,№544)
- нусхаи шиноснома;
-маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан,рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ) (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 01.04.2023,№544)
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо
намудаанд).
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
– малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ноҳияи Сангвор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, телефон: (8-3156) 22-1-21, 22-3-34, 918-24-06-34,
Email:Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун дар нашрияҳои расмӣ.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
- Диданд: 116
1.Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1809,60 сомонӣ
2.Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218 сомонӣ
3.Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор – 1 ҷой, маоши мансаби 1809,60
4.Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Сангвор - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1218 сомонӣ
- Диданд: 118
Дар доираи дастуру супоришҳои сарвари кишвар ва эълон шудани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баҳри шарҳу тавзеҳи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии эшону донистани қонун аз тарафи ҳар як шаҳрванд пайваста гурӯҳҳои корӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру навоҳии кишвар сафарбар гардида, бо мардум аз наздик суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Ҳамзамон дар таърихи 19 –уми июли соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардорони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ гузаронида шуд, ки дар ин вохӯрӣ Раҳим Зафар – муовини директори Муассисаи давлатии маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Собирзода иштирок намуда, бо маърӯза ва суҳбати пурмуҳтавои хеш тавонистанд ба иштирокчиён як ҷаҳон ғизои маънавӣ бахшанд.
Чунки иштирокчиёни ин вохӯрӣ аз баъзе масоили норӯшани ҳуқуқӣ ва муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ гаштанд, ки ин ҳама идрок ба манфиати онҳо буда, минбаъд метавонанд донишҳои андӯхташонро дар зиндагии рӯзмараи хеш сармашқи кор намоянд.
Аҳли толор аз ин фурсати муносиб истифода бурда, аз баъзе масоили мубрами зиндагии хеш аз намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи суолу пурсишҳо огоҳӣ пайдо намуданд. Ин вохӯрӣ дар як сатҳи волою гирифтани маърифати ҳуқуқии сокинони ноҳия ба анҷом расид.
- Диданд: 125
Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Бояд гуфт, ки аз ҷониби Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 апрели соли 1997 Фармон «Оид ба чораҳои пурзӯри мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шудааст. Аз ҷониби Маҷлиси Олӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо терроризм чунин қонунҳо қабул гардидааст: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз ҷониби мақомотҳои дахлдор тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд.
Саҳифаи 3 аз 33