Тибқи нақшаи муштараки МИҲД ноҳияи Сангвор ба баргузории мулоқоту суҳбатҳо дар партави эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст намудани сатҳи хурофотпарастӣ дар ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани маҳаллаҳо санаи 16 декабри соли 2024 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 мулоқот доир гардид.
Дар фарҷоми мулоқот байни иштирокдорону даъватшудагон суҳбати озод дар мавзӯъҳои марбут сурат гирифт.
 
                          
    10 декабри соли 2024 ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, аъзоёни ҳизб ва роҳбарони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш таъкид карда шуд, ки 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисон дар бораи ташкилёбии ҳизб қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард ва 25 – уми июни соли 1997 дар Анҷумани 3-юм номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд. Бо гузашти 30 сол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчинун иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбуди ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолияти пурсамар намуда истодааст.
    Ҳанӯз чанд сол қабл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки “Ҳадафи ягонаи мо аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани нерўҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатдорӣ ва бо ин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд”.
    Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои бароварда кардани ниёзҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, муттаҳидии нерўҳои пешбарандаву босалоҳияти ваҳдатсоз саҳми арзишманд гузошта, аз рўзи нахустини ворид гардидан ба майдони сиёсӣ манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуд.
     Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ илова намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди бонуфузи ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар пешрафти мамлакат нақши муассир дошта, аъзо ва пайравони он дар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба сифати нерўи пешбарандаи ҷомеа фаъолияти назаррас доранд.
    Боиси тазаккур аст, ки дар соли 2021 бинои нави кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳия бо иштики бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар натиҷа барои фаъолияти кормандон шароити беҳтарин фароҳам оварда шуд.

30 СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ, 30 СОЛИ ҲАМСАФИЮ ҲАМРАЪЙӢ, 30 СОЛИ ГУЗОШТИ ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ, 30 СОЛИ ҲАМҚАДАМУ ҲАМРАДИФИ ХАЛҚ БУДАН, 30 СОЛИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ БА КУЛЛИ АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ОН МУБОРАК БОШАД!

    Бо ибтикори Ташкилоти Ҷамъиятии «Хингоб» дар доираи баргузории маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳӣ хушунат» дар ноҳия ҳамоиш баргузор гардид.
     Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Туйчии Нурмаҳмад дар ҳамоиш иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти мавҷудияти номувозинатии гендерӣ дар самти осебпазирии бештари занон доимо дар ҳалли мушкилоти онҳо тадбирҳои муҳимро амали менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар бораи имкониятҳои ва таъмини баробарии гендерии духтарону писарон ҳангоми гирифтани маълумот, иштироки занон дар раванди қабули қарорҳо, пешгирӣ намудани зӯроварӣ нисбат ба занон таҳия ва қабул гаштаанд.