- Диданд: 71
Бахшида ба 33-юмин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мактаби сиёсии Пешвои миллат, мактаби мардпарварӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Ин мактабу ин пайроҳа исбот намудааст, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлол, орому осуда ва пешрафта иродаи қавӣ, масъулияти баланд ва муҳаббати беандоза ба Ватан зарур аст.
Дар марҳалаи ҳассоси таърихӣ, замоне ки Тоҷикистони тозаистиқлол ба буҳрони сиёсиву низомӣ рӯ ба рӯ буд, маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ, генерли Артиши миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи таъсиси Артиши миллӣ гузошта шуд. Пешвои миллат ҳамчун асосгузори Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бунёди сохторҳои низомии кишвар нақши ҳалкунанда гузоштанд.
Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҳифзи истиқлолу тамомияти арзӣ ва таъмини амнияти давлат таъсис ёфтанд. Ин иқдоми таърихӣ барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва барқарории сулҳу субот заминаи устувор фароҳам овард.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як замоне таъсис дода шуд, ки дар он замон вазъияти сиёсию иқтисодии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва дар он замон барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Хушбахтона санаи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.
- Диданд: 84
(Дар ҳошияи Паём)
Соли 2026, соли вусъати корҳои ободонӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ
Тули солҳои соҳибистиқлолӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ ва созандагӣ дар кишвар пайваста вусъат ёфта, имрӯз инфрасохтори деҳоти кӯҳистон низ бо симои нав, иншооти зебову замонавӣ, боғу гулгаштҳо ва биноҳои маъмуриву фарҳангӣ ба шаҳраки ормонҳо мубадал гаштаанд.
Президенти кишвар, ки сиёсати онҳо бар пояи мактаби созандагӣ устувор аст, бо дурнамои рушди давлат, соли 2026-ро “Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ” эълон намуданд. Ин иқдоми муҳим идомаи мантиқии сиёсати бунёдкорона буда, ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангиву таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон равона шудааст.
Масъалаҳои бисёр муҳиме, ки дар Паёми Пешвои миллат садо доданд, ин даҳ соли охири фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурӣ буд, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ , нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоӣ дар соҳаи фарҳангу иттилооту технологияву иноватсияву саноатикунонӣ ва тамоми ҷиҳатҳои фаъолият ба самъи кулли аъзои парлумон ва дар умум ба тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд. Чун ҳарвақта албатта, барои солҳои баъдӣ, Пешвои муаззами миллат ба хотири рушди соҳаҳои афзалиятнок ва инфрасохторҳои тамоми деҳот, инчунин дар робита ба таҷлили 35 солагии Истиқлоли давлатӣ, ки соли 2026-ро “Соли вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ” эълон карданд.
- Диданд: 81
Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Пешгирии экстремизми хушунатомез – масъулияти ҳама” дар ноҳияи Сангвор
Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез, ки ҳамасола 12 феврал баргузор мегардад, имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Пешгирии экстремизми хушунатомез – масъулияти ҳама» доир гардид.
Дар кори конференсия раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, прокурори ноҳияи Сангвор, Шомирзода Б.Х., сардори шуъбаи Сангвори РКДАМ ҶТ дар ГНР Саймуродов Ш.А. ва судяи суди ноҳияи Сангвор, Гулов Шоҳвалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо масъулин таъкид карданд, ки экстремизми хушунатомез яке аз зуҳуроти хатарноки замони муосир буда, метавонад боиси нооромии ҷомеа, коста гардидани эътимод миёни шаҳрвандон ва халалдор шудани амнияти миллӣ гардад. Қайд гардид, ки чунин равияҳои номатлуб бо истифода аз таблиғоти бардурӯғ ва сӯиистифода аз эҳсоси ҷавонон онҳоро ба амалҳои зиддиқонунӣ ҷалб менамоянд.
- Диданд: 100
Як қазоват! Аз силсилаи андешаҳо...
Чӣ қадар осон гап мезананд! Дар хориҷа мегарданду гумон мекунанд, ки нони ҳалол мехӯранд. Аммо, нонро бо маломат кардани миллату давлату ватани хеш хӯрданаш куҷост ҳалол?! Нон дар ҳеҷ куҷо бепул нест! Ҳар як сухани заҳролуд, ҳар як санги маломатеро, ки ба сӯи Ватан мепартоянд, бо як бурдаи нон баробар иваз мекунанд. Инҳо ҳамон ватанфурӯшонанд, ки солҳост дар кишвари бегона нишаста, бо бадном кардани Ватан, миллат ва таърихашон рӯзӣ меёбанд.
Аз худ “ҳизб”-у “гурӯҳ”-ҳои сохта, дар фазои маҷозӣ худро қаҳрамон, доно ва “хари калон” эълон мекунанд. Даъват месозанд, муроҷиат мекунанд, овоз баланд мекунанд, ки “эй мардум, хезед, ҳама чиз дурӯғ аст, ҳақиқат танҳо он аст, ки мо мегӯем”. Вале, ин мардум фанди шуморо кайҳо хӯрдаву акнун дорнистаанд, ки барои чӣ ором намегиред. Чунки аз ҷакидан нон мехӯред.
Саҳифаи 10 аз 44









