Эрон барои мардуми мо кишвари умед аст. Ҳақиқати таърихӣ, ки таъсири тамаддунии миллати тоҷикро аз сарзамини аҷдодӣ то ба соҳилҳои баҳри Хазар дар шимол, халиҷи Уммон ва халиҷи Форс дар ҷануб паҳноӣ додааст, боиси ифтихори халқи мост. 

Арнолд Тойнбӣ (1889 – 1975, таърихнигор ва файласуфи англис) дар асари машҳури худ «Манфиати таърих» умри сайёраи Заминро 4 миллиард сол мешуморад ва вуҷуди ҷомеаи башариро чор ҳазор сол.

Албатта, сохти давлатдорӣ барои ҳамаи миллатҳо доимо яксон набудааст. Аммо муҳим он аст, миллатҳо бо таърих, фарҳанг, тамаддун ва забон, ки муҳимтарин ҷузъи он аст, абадият доранд ва ин ҳақиқати бебаҳс мебошад.

Лутсий Плутарх (олими Юнони Қадим) фармудааст: ҳангоми омӯзиши таърихи башарӣ, мебояд маҷмуи зуҳуротеро, ки дар олами ҳастӣ аломати қаробат нишон медиҳанд, ҳамчун мавзуи умумии тадқиқ қарор дода, онҳоро зери мантиқи як ибтидо ва қонунмандӣ ба самти созгорӣ ва комгорӣ ҳидоят намуд.

Ҳангоми адои хизмати дипломатӣ, мо тибқи имконот, бо ҳукумат ва вазоратхонаҳои гуногуни Эрон равобити корӣ барқарор намуда, табодули афкор ва муҳокимаи рушди равобити дуҷонибаро ҳамчун самти муносибот қарор медодем.

Ҷониби Тоҷикистон аз тарафи масъулони эронӣ хуб ва бо эҳтиром истиқбол мешуд. Ҳамкорӣ дар ин кишвар барои мо муқаддимаи гуворо дошт.оранд, ки мисли тоҷику эронӣ аз лиҳози забонӣ якдигарро чунин хуб фаҳманд.

 (Аз китоби С. Ятимов «Ёддоштҳо», қисми 2, Душанбе,

«Эко Принт», 2024, саҳ. 416 - 427)

Дар овони наврасӣ ва ҷавонии мо, солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта, замони Иттиҳоди Шуравӣ, ин кишвари бузургро «маҳкам бо пардаи оҳанин» мегуфта бошанд ҳам, дарҳои он барои ворид гаштани адабиёт ва фарҳанги пешқадами дунё  ҳамеша боз буд.

Ҳазорҳо адабиёти илмӣ, бадеӣ, публитсистӣ ва филмҳои хориҷӣ бо забони русӣ тарҷума, нашр ва дастраси миллионҳо хонандагон ва тамошобинони кишвар мешуд. Ҳамчунон, ба забони халқҳои Шуравӣ тарҷума мегардид. Чунин амал яке аз беҳтарин фазилатҳои ҳамон давра буд.

Дар «шашяки рӯйи замин» жанри филми бадеӣ чун беҳтарин воситаи тарбияи бачагон, наврасон, ҷавонон ва тамоми мардум истифода мешуд. Ин шакли тарбия натиҷаи хуб медод.

Дар замони Эрони шоҳӣ аз ин кишвар даҳҳо филм ва ҳазорҳо адабиёти илмию бадеӣ, шеъру суруди беҳтарин овозхонҳо вориди кишвари Шуравӣ мегашт. Дар байни хонандагону тамошобинон паҳн мешуд. Мо аз онҳо ғизои маънавӣ мегирифтем. Дар бораи ахлоқ, маънавиёт, урфу одат, тафаккури бадеӣ, дараҷаи рушди тарбияи эстетикии халқҳои ҳамзабони худ маълумот дарёфт мекардем.

Яке аз филмҳои хотирмон «Бабри Мозандарон», истеҳсоли филмсозони эронӣ буд. Нақши қаҳрамони филмро ҷаҳонпаҳлавон Имом Алӣ Ҳабибӣ иҷро менамуд.

Филм характери тарҷумаиҳолӣ дошт. Аз   сифатҳои шахсият ва тақдири як ҷавонмарди форс ҳикоят мекард, ки тавассути омӯзиш ва машқҳои сангини мақсадноки шабонарӯзӣ аз варзишгари одӣ, зина ба зина, то ба унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гӯштингирӣ ноил мегардад. Шаъну шарафи ватанашро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардорад.

22 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади поси хотир ва гиромидошти шаҳидону қаҳрамонони миллат дар оромгоҳи  шахсиятҳои барҷастаи миллат маросими гулгузорӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раисони ноҳияҳои водии Рашт, аз ҷумла ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод, инчунин роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ ба пояи оромгоҳи шаҳидону қаҳрамонони миллат, ки хоки рамзии онҳо бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаю ватандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғӯши Ватан оварда шудааст, гулчанбар ва дастаҳои гул гузошта, ба хотираи неки онҳо эҳтиром ба ҷо оварданд.

Зимни баргузории маросим таъкид гардид, ки ин иқдомт навбатии Пешвои миллат рамзи арҷгузорӣ ба фарзандони содиқ ва ҷонфидои миллат мебошад, ки умри худро барои ҳифзи манфиатҳои халқу Ватан, озодӣ ва бақои миллат нисор намудаанд. Корнома ва ҷоннисориҳои онҳо дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамеша ҳамчун намунаи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба миллат хизмат хоҳад кард.

Ваҳдати миллӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист марҳилаи душвори таърихиро паси сар намуда, ба роҳи бунёдкорӣ, рушди иқтисодӣ ва таҳкими давлатдорӣ қадам гузорад.

Таҷрибаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳар ҷомеае, ки ваҳдати худро ҳифз намудааст, тавонистааст ба рушди устувор ноил гардад. Баръакс, ихтилоф, низоъ ва тафриқа боиси суст гардидани пояҳои давлатдорӣ ва ақибмонии ҷомеа мегардад.

Дар ҷаҳони муосир дар баробари таҳдидҳои анъанавӣ, таҳдидҳои нави иттилоотӣ низ ба вуҷуд омадаанд. Рушди босуръати шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ имконият фароҳам овардааст, ки иттилоот дар муддати кӯтоҳ ба миллионҳо нафар дастрас шавад. Дар баробари паҳн гардидани иттилооти муфид, мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ва шахсони манфиатҷӯ аз ин имкониятҳо барои паҳн намудани хабарҳои бардурӯғ, маълумоти таҳрифшуда ва таблиғоти иғвоангез истифода мебаранд.