Дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Сангвор роҳпаймоии бошукӯҳи идона бо иштироки васеи ҷавонон баргузор гардид.

Дар ин чорабинии пуршукӯҳ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони касбу кори гуногун, омӯзгорону донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, варзишгарон, аъзои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва даҳҳо  нафар ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиору овезаҳои тараннумгари Ватан, Истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз кӯчаҳои марказии ноҳия гузашта, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллии худро ифода намуданд.

22 июни соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – пояи устувори давлатдории тоҷикон» баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони зиёиён, фаъолони ҷомеа ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Конференсияро муовини аввали раиси ноҳияи Сангвор Муҳаммадизода Муҳаммадсолеҳ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ табрик гуфт. Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги таърихии халқи тоҷик буда, маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, заминаи рушди устувори давлат ва ҷомеа фароҳам оварда шуд.

Ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ин рамзи ғамхорӣ, муҳаббат ва масъулияти ҷомеа нисбат ба насли наврас ба шумор меравад. Кӯдакон ояндаи миллат ва умеди фардои ҷомеа мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдаконро яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии худ дониста, баҳри таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Бо мақсади дастгирии модарон ва кӯдакон, инчунин арҷгузорӣ ба ин рӯзи фархунда, дар Беморхонаи марказии ноҳияи Сангвор бо ибтикори сартабиби беморхона Шарифзода Аъзам чорабинии идона баргузор гардид.

Дар доираи ин иқдом ба модароне, ки дар арафа ва рӯзи таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакон соҳиби фарзанд гардидаанд, туҳфаҳои хотиравӣ ва лавозимоти зарурии кӯдакона тақдим карда шуданд. Ин иқдоми нек аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустӣ бо хушнудии модарон ва пайвандони онҳо истиқбол гардид.