Дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Сангвор роҳпаймоии бошукӯҳи идона бо иштироки васеи ҷавонон баргузор гардид.
Дар ин чорабинии пуршукӯҳ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони касбу кори гуногун, омӯзгорону донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, варзишгарон, аъзои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва даҳҳо нафар ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиору овезаҳои тараннумгари Ватан, Истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз кӯчаҳои марказии ноҳия гузашта, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллии худро ифода намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои халқи тоҷик неъмати бузург ва дастоварди таърихӣ буда, маҳз дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ноил гардидааст. Имрӯз ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар татбиқи сиёсати давлатӣ, рушди иқтисоду иҷтимоиёт, илму маориф, фарҳанг ва варзиш саҳми арзанда мегузоранд.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда, таъкид карданд, ки ҳифзи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва манфиатҳои давлат вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Роҳпаймоии идона дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, боз як маротиба аз садоқати ҷавонони ноҳияи Сангвор ба арзишҳои миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат дод.
Чорабинии мазкур ҳамчун яке аз тадбирҳои муҳими фарҳангиву ватандӯстӣ дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ баргузор гардида, дар баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон нақши муассир гузошт.
Гузориши Қурбоналӣ Идизода



