Бо мақсади истиқболи сазовору хотирмони ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор корҳои ободонию созандагӣ рӯз аз рӯз вусъати тоза касб намуда истодаанд. Дар ин замина, бо иштироки фаъоли сокинони Ҷамоати деҳоти Тавилдара дар роҳравҳо ва кӯчаҳои марказии ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъонаи ободонӣ баргузор гардиданд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони маҳаллаҳо, ҷавонон, занону бонувон ва дигар сокинони ҷамоат бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ иштирок намуда, барои тозаву озода намудани муҳити зист саҳми арзанда мегузоранд.
Иштирокчиён роҳравҳо, канори кӯчаҳо ва мавзеъҳои ҷамъиятиро аз алафҳои худрӯй ва партовҳо тоза намуда, дарахтонро сафедкорӣ карданд, гулу буттаҳои ороишӣ шинониданд ва бехи дарахтони сояафканро нарм намуданд. Ҳамчунин, ҷӯйборҳо ва заҳбурҳо аз лойқа тоза гардида, барои беҳтар намудани ҳолати санитарӣ ва намои зоҳирии маркази ноҳия тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.
Таъкид гардид, ки корҳои ободонӣ танҳо ба муносибати ҷашн маҳдуд набуда, ҳадафи асосии онҳо баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии сокинон мебошад. Ҳар як сокини ватандӯст бояд ободии маҳалли зист ва тозагии муҳити атрофро вазифаи шаҳрвандии худ донад.
Дар доираи ин иқдом инчунин корҳои рангубори панҷараҳо, таъмири қитъаҳои алоҳидаи роҳравҳо, ҷамъоварии партовҳои маишӣ, ба тартиб даровардани гулгаштҳо ва омода намудани мавзеъҳои ҷамъиятӣ барои баргузории чорабиниҳои идона анҷом дода шуданд. Намои маркази ноҳия рӯз то рӯз зеботар гардида, барои истиқболи меҳмонон ва таҷлили шоистаи ҷашни миллӣ муҳайё мегардад.
Масъулин иброз доштанд, ки дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ чунин иқдомҳо дар тамоми деҳаҳои ҷамоат ва дигар маҳаллаҳои ноҳия идома ёфта, бо сафарбар намудани сокинон корҳои созандагӣ боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.
Н. Алиева



