22 июни соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи илмӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – пояи устувори давлатдории тоҷикон» баргузор гардид.
Дар кори конференсия роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони мақомоти давлатӣ, намояндагони зиёиён, фаъолони ҷомеа ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Конференсияро муовини аввали раиси ноҳияи Сангвор Муҳаммадизода Муҳаммадсолеҳ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ табрик гуфт. Зикр гардид, ки Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги таърихии халқи тоҷик буда, маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот дар кишвар барқарор гардида, заминаи рушди устувори давлат ва ҷомеа фароҳам оварда шуд.
Муҳаммадизода Муҳаммадсолеҳ дар суханронии худ қайд намуд, ки Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон ҳамчун неъмати бебаҳо ва муқаддас арзиш дорад. Ӯ таъкид кард, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик аз гирдоби низоъҳои дохилӣ раҳо ёфта, роҳи созандагию бунёдкориро пеш гирифт.
Маърузачиёни дигар низ зимни баромадҳои худ қайд намуданд, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рушдёбанда дар арсаи байналмилалӣ мавқеи арзанда касб намудааст. Ҳифзи ваҳдат, таҳкими дӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Насли ҷавон бояд аз таҷрибаи таърихӣ сабақ гирифта, дар таҳкими сулҳу субот ва пешрафти Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд.
Сипас иштирокчиёни конференсия доир ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, нақши он дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва тарбияи насли наврас маърӯзаҳо намуданд.
Баромадкунандагони дигар низ ин рӯзи таърихиро муқаддас арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки Ваҳдати миллӣ самараи ҷоннисориҳо ва хиради сиёсии фарзанди содиқи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Қайд гардид, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст барои ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ягонагӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошад.
Дар фарҷоми конференсия иштирокчиён бори дигар аҳамияти бузурги Рӯзи Ваҳдати миллиро таъкид намуда, изҳори итминон карданд, ки бо нигоҳдории ин арзиши муқаддас Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил хоҳад гардид.
Қ. Идибеков



