Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Ноҳияи Сангвор яке аз ноҳияҳои кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо табиати зебо, иқлими хунук ва зимистонҳои тӯлонӣ машҳур аст. Дар ин минтақа фасли зимистон одатан бо сардиҳои шадид ва барфрезии зиёд ҳамроҳ мешавад. Дар чунин шароит дастрасӣ ба меваю сабзавоти тару тоза қариб, ки маҳдуд гардида, нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ барои истифода дар фасли сармо аҳамияти махсус пайдо мекунад. Яке аз анъанаҳои маъмул дар байни занони ноҳияи Сангвор маҳкам кардани меваву сабзавот дар зарфҳои шишагӣ мебошад. Дар мавсими тобистон ва тирамоҳ, ки ҳосили мева ва сабзавот фаровон аст, онҳо аз себ, нок, олу, зардолу, гелос ва дигар меваҳо шарбати мева, мураббо ва дигар маҳсулоти мевагӣ омода мекунанд. Ҳамзамон бодиринг, помидор, қаламфур ва дигар сабзавотро бо усулҳои гуногун дар обнамак ё маринад маҳкам намуда, барои истифода дар фасли зимистон нигоҳ медоранд.

Маҳорати Сабоҳат

Қурбонова Сабоҳат, яке аз фаъолзанони ноҳияи Сангвор буда, солҳост, ки барои хонаводаи хеш аз меваҷоту сабзавот маҳсулоти ғизоӣ барои фасли зимистон дар зарфҳо нигоҳ медорад. Ӯзимни суҳбат  қайд мекунад, ки ин тарзи омода ва нигоҳ доштани меваву сабзавот аҳамияти хос дорад. Маҳкам кардани маҳсулот дар зарфҳои шишагӣ як роҳи захира кардани маводи ғизоӣ нест, як ҳунари хонаводагӣ ва анъанаи деринаи мардумӣ мебошад, ки боиси сарфаи маҳсулот ва истифодаи самараноки ҳосили боғу замин мегардад.

Кӯрбонова Сабоҳат мегӯяд, ки ҳар сол дар мавсими фаровонии меваю сабзавот кӯшиш мекунад, то аз неъматҳои табиат барои фасли зимистон захираи кофӣ омода намояд. Ба гуфтаи ӯ, чунин маҳсулот барои рӯзгори оила, барои меҳмондорӣ ва ороиши дастархон низ аҳамияти калон дорад.

«Ин тарзи нигоҳдории дарозмуддат барои ман хеле ҷолиб аст. Ман ин маҳсулотро ҳам барои фарзандонам омода мекунам, ҳам ба модарам, хоҳаронам ва меҳмононам низ чун туҳфа медиҳам. Вақте мебинам, ки маҳсулоти тайёркардаам ба дигарон писанд меояд ва дар дастархон зебоӣ мебахшад, аз ин кор завқи зиёд мегирам».

Ба гуфтаи ӯ, яке аз бартариҳои асосии чунин усули нигоҳдорӣ дар он аст, ки дар давраи зимистон ва баҳор, то расидани мавсими нави меваҳои тобистона, оила метавонад аз маҳсулоти тайёршуда истифода бурда, барои харидани баъзе маҳсулот эҳтиёҷи камтар дошта бошанд.

Ба андешаи ӯ, ҳар як зарфи маҳкамшуда  аз меҳнати ҳалол барои таъмини зимистони оила аст.  Ин таҷриба нишон медиҳад, ки анъанаи нигоҳдории меваву сабзавот дар байни занони ноҳияи Сангвор на танҳо барои таъмини рӯзгор, балки барои нигоҳ доштани фарҳанги меҳнатдӯстӣ, меҳмондорӣ ва муносибати оқилона ба неъматҳои табиат нақши муҳим дорад.