- Диданд: 141
14-уми ноябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони сершумор чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Сангвор, Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президент муборакбод кард. Зимни баромад ӯ аз корнамоиву ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар ёдовар шуда, нақши шахсияти Роҳбари давлатро дар таҳкими сулҳу суббот ва рушди бемайлони мамлакат баланду бесобиқа ва муҳим арзёбӣ кард.
- Диданд: 183
Дар фазои маънавӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, ки арҷгузорӣ ба инсонҳои хизматгузор аз суннатҳои дерин аст, саҳми роҳбаре, ки барои ормони давлатдорӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ корномаҳои бемислу беназир дорад, ҳамчун нигине дар тоҷи миллат қадр мешаванд.
Ин ибора рамзи эҳтиром, миннатдорӣ ва арҷгузорӣ аз хизмати шахсияте мебошад, ки дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ барои давлат ва ҷомеа ҳисса гузоштааст. Он пос доштани арзишҳои миллӣ, ваҳдат, ормонҳои истиқлол ва равандҳои созандаро таҷассум мекунад.
- Диданд: 225
8 ноябр, дар Қасри фарҳанги ноҳия ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Муовин якуми раиси ноҳия Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ ба шодбоши собиқадорон, кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ омада, саҳми онҳоро дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол арзанда арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳимми давлатиро дар самти ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба сомон мерасонанд.
- Диданд: 204
Дар фаъолияти давлатдорӣ нақш ва мавқеъи чунин истилоҳҳо ба монанди худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстӣ басо баланду боло ҳастанд ва инҳо унсурҳои асосие мебошанд, ки асоси ҳар як давлати миллиро ташкил медиҳанд. Шахсиятҳои барҷаставу машҳури олам ному мавқеъ ва ҷойгоҳ аз худшиносиву худогоҳӣ ба баландтарин нуқтаи мақсуди хеш расидаанд.
Дар пасманзари ин андешаҳо мехоҳам ин нуктаро баён созам, ки давлат он вақт рушд мекунад ва пеш меравад, ки шаҳрвандону сокинон бо меҳру муҳаббату садоқат ба давлату ба миллат ба таъриху фарҳанги хеш рӯ меоранд ва меҳри ватандорӣ дар қалбашон ҷуш мезанад. Вақте, ки ҳиссиёти ватану ватандорӣ, дӯстдории давлат, меҳри миллат, арҷ гузоштан ба гузаштагони худ, ҳурмату иззати таъриху фарҳанги гузаштаи худ дар қалби ҳар шаҳрванд ҷойгир мешавад, ӯ намегузорад, дар марзи ватани хеш пойи бегона расад, ва андешаи миллиаш устувору пойбарҷо мемонад.
Саҳифаи 14 аз 43









