- Диданд: 390
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оила, бахши фарҳанг чорабинии Рӯзи оиларо дар Қасри фарҳанг бо иштироки яке аз оилаҳои намунаи деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Тавилдара Раҷабов Мирзохудои ташкил ва баргузор намуданд. Пеш аз оғози чорабинии фарҳангӣ муовини раиси ноҳия Олимзода Абдулло баромад намуда, қайд карданд, ки оила яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаву давлат буда, дар шароти мураккаби ҷаҳони муосир асоси воқеии ҳар як давлату миллат мебошад. Дар охир ҳамаи ҳозиринро бар рӯзи оила муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, сарбаландӣ, оилаи устувор ва рӯзгори хуш орзу намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба ин оилаи мувафақ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, ба як ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба ду нафар навзодон шаҳодатномаи таваллуд супорида шуд.


- Диданд: 368
Санаи 26 апрели соли ҷорӣ бо мақсади истиқболи сазовор аз куҳанҷашни аҷдодиамон Наврӯзи оламафрӯз бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, масъулини воҳидҳои сохторӣ, инчунин доираи васеи сокинон ва фаъолони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Ваҳдат чорабинии идона дар шакли намоиши ҳунару маҳорат, бозиҳои варзишӣ ва анвои гуногуни таомҳои миллӣ, инчунин барномаи рангини ҳунарӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

- Диданд: 422
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои муштараки гурӯҳи корӣ бо усули "Мактаб ба мактаб"-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа вохӯрӣ бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 деҳаи Чилдараи ҷамоати деҳоти Чилдара баргузор гардид. Ҷаласаро муовини Раиси ноҳия Бафозода Садорат оғоз намуданд. Масъулини дигари гурӯҳи корӣ оид ба иҷрои бандҳои дахлдори “Барномаи тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон” оид ба иҷрои бандҳои дахлдори “Барномаи тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон” суханронӣ намуданд. Дар вохӯрӣ масъулин оид ба моҳияту мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, баланд бардоштани маърифати ватандӯстии донишҷӯён ва татбиқи он дар пешгирии хатари падидаҳои номатлуб, аз қабили хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, бегонапарастӣ, терроризм ва экстремизм дар ҷомеа, хусусан шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ ва ҷиҳати пешгирии он, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак" ва "Дар бораи танзими ҷашну маросим” таъкидҳо намуданд.
Вобаста ба моддаҳои дахлдори қонунҳои мазкур оид ба пешгирии зиёдаравии динӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ ва бегонапарстӣ мисолҳои мушаххас оварда, ҷиҳати риояи ҳатмии қонунҳо таъкид намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати расидан ба қадри хизмати бузургони миллат, арзишҳои миллӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлоли Ватани азизамон ба маврид истодагарӣ карданд.

Саҳифаи 30 аз 46










