Мо, мардуми Тоҷикистон, барои ин ваҳдати миллии деринтизор, ки бо хун ва ашки ҳазорон нафар ба даст омадааст, бояд ҷон фидо кунем. Ин сулҳ ва ваҳдат танҳо як созишномаи сиёсӣ нест, он амонатест муқаддас, ки ба мо аз насли фидокор ва раҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат ба мерос расидааст.

    Мо ҳақ надорем, ки ин неъмати бебаҳо, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бо беаҳамиятӣ, нохудогоҳӣ ё таъсири бадхоҳон ба хатар андозем. Ҳар фарди ватанпарвар вазифадор аст, ки ҳушёр бошад, бедор бошад, ва нагузорад, ки ҳар як овораву беватан, ки на дардро ҳис кардааст ва на арзиши ваҳдатро медонад, тинати поки миллии моро заҳролуд созад.

   Ваҳдат осон ба даст наомадааст. Аз гиряи модарони шаҳид, аз хоки пурхуни диёр, аз ҷоннисориҳои фарзандони содиқи миллат сохта шудааст. Ва имрӯз нигоҳ доштани он, на танҳо масъулияти давлат, балки рисолати муқаддаси ҳар як тоҷик аст.

   Мо бояд насли ҷавонро омӯзонем, ки сулҳро чун гавҳараки чашм нигоҳ доранд. Мо бояд гирди як идея бошем — Тоҷикистони орому обод, муттаҳид ва пурифтихор, то ҳеҷ фарди бегона натавонад миёни мо тухми кина корад.

  Сулҳро бо ҷон нигоҳ дорем, ва нагузорем, ки ягон дасти бадхоҳ онро ба ларза оварад. Ваҳдат, ҳаёти мост ва мо омодаем, онро то нафаси охир ҳифз намоем.

 

Олимзода Абдулло,

муовини раиси ноҳияи Сангвор

      Дар гӯши халқи мо ҳанӯз садои он суханони таърихии Президенти ҷавон, Эмомалӣ Раҳмон, садо медиҳад:
      «То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ман ором намегирам!»

      Ин суханон танҳо як шиор набуданд, балки қасам ва  ваъдае ба мардум буданд,  ки дар он рӯзҳои норӯшани ҷанг ягона шуълаи умед ба ҳисоб мерафтанд. Вақте ки мардум шикаста ва парешон буданд, вақте ки дили модар бо андешаи фарзанди гуреза пора буд,  ин садо -ором, вале устувор, дили ҳазорҳоро дубора ба зиндагӣ пайваст.

      Садои он суханон дар гӯши миллат монд, чун аз дили инсон баромада буд, на аз минбари сиёсӣ. Ва вақте ҳазорон гуреза дубора ба оғӯши Ватан баргаштанд, вақте ки Тоҷикистон зери парчами сулҳу ваҳдат зиндагии нав оғоз кард, мардум дарк кард: ин ваъда иҷро шуд,  бо ҷонфидоӣ, сабр ва меҳри бепоёни ватандорӣ.

     Ин сухан рамзи садоқати Пешвои миллат ба халқу кишвар аст. Он ба мо ёд дод, ки раҳбарӣ  ба масъулият ва фидокорӣ вобаста аст. Ва имрӯзи осудагии мо, шодии кӯдакони хушлаҳн,  рӯшноии осмони пур аз сулҳ, ҳама шоҳиди онанд, ки он ваъда дар амал татбиқ ёфт.

    Садои он сухан имрӯз ҳам дар гӯши миллат боқист, чун садои ваҳдат, садои сулҳ, садои умед.

Олимзода Абдулло,

 муовини раиси ноҳияи Сангвор

    Ба ифтихори 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 дар ноҳияи Сангвор маросими гулчанбаргузорӣ     баргузор гардид.

     Дар маросими гулчанбаргузорӣ роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон ва фаъолон иштирок карда, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи   онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон нисор кардаанд, гулчанбар гузоштанд.
     Бо гузоштани гулчанбар дар ин рӯз хотираи қаҳрамонони халқи тоҷик, руҳи шаҳидони роҳи озодӣ гиромӣ дошта шуд.
 
 
 
 
 
 
 
  
   Дар асоси Нақша чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Мудофиаи кишвар маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбиии 02011 "В"- и дар ноҳияи Сангвор буда дар майдони назди қисми ҳарбии мазкур дар доираи Моҳвораи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.
   Дар маросими мазкур муовини Раиси ноҳия Олимзода Абдулло, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор Туйчии Нурмахмад иштирок ва суханронӣ намуданд. Ёдрас мешавем, ки дар маросими савгандёдкунӣ 74 нафар наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуданд.