Сангвор яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон ба шумор меравад, ки бо ҳавои тоза ва обҳои софу зулолаш маъруф аст. Ин диёри биҳиштосо макони муносиб барои истироҳат ва табобат ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, то имрӯз дар ноҳияи Сангвор истироҳатгоҳ фаъолият намекард.

Дар пайи амалҳои созандаву ташаббусҳои Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, инчунин саҳми соҳибкорон, акнун ин иқдом амалӣ шуда истодааст. Бо бунёди истироҳатгоҳ дар Сангвор шароити нави фароғат ва муолиҷа барои сокинон ва меҳмонон фароҳам хоҳад омад.

Ба истиқболи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор як қатор иқдомҳои созандаву ободонӣ роҳандозӣ шудаанд.

Тибқи нақша, то соли 2026 бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Ваҳдат сохтмони ҳаммом анҷом дода мешавад. Ҳамзамон, бо сармоягузории соҳибкор Хоҷаев Қиёмиддин дар ноҳия табобатгоҳ-истироҳатгоҳ бунёд гардида, ба истифода дода хоҳад шуд.

Дар баробари ин, то соли 2025 дар маркази ноҳия коргоҳи бандубасти асал таъсис меёбад, ки барои коркарду бастабандии маҳсулоти маҳаллӣ ва рушди соҳибкорӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин, дар ҷамоатҳои деҳоти Заршӯён ва Вахиё то соли 2026 боғҳои интенсивӣ бунёд мешаванд, ки саҳми арзандае дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ хоҳанд дошт.

Ин иқдомҳо аз ватандӯстиву садоқати ҷавонону соҳибкорони бонангу номуси Сангвор дарак дода, дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати созандаву ободкоронаи Пешвои миллат ба рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва зебоии бештари он мусоидат менамоянд.

 

Мардуми сарбаланди  Сангвор ба истиқболи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  корҳои ободониро вусъат медиҳанд. онҳо Корҳои гуногуни ободониву тозакории муҳитро ба роҳ мондаанд.

Ҳамарӯза кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту истироҳатгоҳҳо, инчунин муҳити хонаҳо ва кошонаҳо тоза ва озода мегарданд. Бо шинонидани дарахтон, гулу буттаҳо ва нигоҳубини онҳо, саҳми сокинон дар гулгулшукуфӣ ва сарсабзии ноҳия назаррас мебошад.

Ин иқдомҳо на танҳо симои зебои ноҳияи Сангворро боз ҳам дурахшон месозанд, балки аз садоқати мардум ба арзишҳои миллӣ ва эҳтироми онҳо ба Истиқлоли давлатӣ шаҳодат медиҳанд.

 

25 июли соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳанги ноҳияи Сангвор Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Анделеб-2025» баргузор гардид. Дар ин чорабинии фарҳангӣ кормандони Шуъбаи фарҳанги ноҳия ва ҳаваскорон бо истеъдодҳои гуногун барномаи омоданамудаи худро пешниҳоди доварон намуданд.

Ҳайати ҳакамон барномаҳои иштирокчиёнро бо таваҷҷуҳ баҳогузорӣ намуда, баъзе аз намоишҳои сурудро мавриди эрод қарор доданд. Онҳо таъкид карданд, ки дар саҳнаҳои минбаъда интихоб ва иҷрои барномаҳо бояд боз ҳам беҳтару дурусттар роҳандозӣ шаванд.

Сардори Шуъбаи  фарҳанги ноҳия Бафозода дар ҷараёни фестивал зикр кард:

«Анделеб минбари беҳтарин барои истеъдодҳои нав мебошад. Мо кӯшиш дорем, ки чунин иқдомҳо бештар баргузор шаванд, то ҳунари мардумӣ ҳифз ва рушд ёбад.»

Шодӣ Раҳмонов, яке аз ҳайти доварон зимни баромад зикр кард,  ки ҳунармандиву овозхонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг буда, пеш аз ҳама аз истеъдоди табиӣ ва пас аз он аз сайқалу такмили пайваста вобаста мебошад. Ва дар идома гуфт, ки бояд истеъдодҳо рушд ёбанд ва барои муаррифӣ ва мавқеъи баланд такмил шаванд.

Фестивали мазкур ҳадаф дорад эҷодиёти мардумиро эҳё ва дастгирӣ намуда, ба ҷавонон ва ҳунармандон заминаи муносиб барои рушд ва муаррифии истеъдод фароҳам оварад.