- Диданд: 229
Дар фазои маънавӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, ки арҷгузорӣ ба инсонҳои хизматгузор аз суннатҳои дерин аст, саҳми роҳбаре, ки барои ормони давлатдорӣ, сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва созандагӣ корномаҳои бемислу беназир дорад, ҳамчун нигине дар тоҷи миллат қадр мешаванд.
Ин ибора рамзи эҳтиром, миннатдорӣ ва арҷгузорӣ аз хизмати шахсияте мебошад, ки дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ барои давлат ва ҷомеа ҳисса гузоштааст. Он пос доштани арзишҳои миллӣ, ваҳдат, ормонҳои истиқлол ва равандҳои созандаро таҷассум мекунад.
- Диданд: 271
8 ноябр, дар Қасри фарҳанги ноҳия ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Муовин якуми раиси ноҳия Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ ба шодбоши собиқадорон, кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ омада, саҳми онҳоро дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол арзанда арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳимми давлатиро дар самти ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба сомон мерасонанд.
- Диданд: 252
Дар фаъолияти давлатдорӣ нақш ва мавқеъи чунин истилоҳҳо ба монанди худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстӣ басо баланду боло ҳастанд ва инҳо унсурҳои асосие мебошанд, ки асоси ҳар як давлати миллиро ташкил медиҳанд. Шахсиятҳои барҷаставу машҳури олам ному мавқеъ ва ҷойгоҳ аз худшиносиву худогоҳӣ ба баландтарин нуқтаи мақсуди хеш расидаанд.
Дар пасманзари ин андешаҳо мехоҳам ин нуктаро баён созам, ки давлат он вақт рушд мекунад ва пеш меравад, ки шаҳрвандону сокинон бо меҳру муҳаббату садоқат ба давлату ба миллат ба таъриху фарҳанги хеш рӯ меоранд ва меҳри ватандорӣ дар қалбашон ҷуш мезанад. Вақте, ки ҳиссиёти ватану ватандорӣ, дӯстдории давлат, меҳри миллат, арҷ гузоштан ба гузаштагони худ, ҳурмату иззати таъриху фарҳанги гузаштаи худ дар қалби ҳар шаҳрванд ҷойгир мешавад, ӯ намегузорад, дар марзи ватани хеш пойи бегона расад, ва андешаи миллиаш устувору пойбарҷо мемонад.
- Диданд: 255
“ШОҲНОМА” НА ЗЕБИ ҶЕВОНҲО, ОРОИШГАРИ РУҲИЯҲОСТ!
Воқеан миллати мо дар дарозои таърих ҳамвора аз арзишҳои миллӣ, аз арзишҳои меҳанӣ, илмӣ ва адабӣ дифоъ мекард, хусусан дар давраҳое, ки мо соҳиби давлати миллӣ будем, истиқлол доштем. Агар мо давраи Сомониёнро ба хотир биёрем, шахсиятҳое буданд, ки ҳамеша аз фарҳанги мо ҳимоя мекарданд. Дар замони Сомониён давлати мо чеҳраи бузурги миллӣ, ки ифтихори дирӯзу имрӯзи моанд, аз давраи Каюмарс бо Ҷамшеду Кайқубоду Кайхусрав то Яъкуби Лайсу дигарон чеҳраҳои мондагор ҳифзи фарҳангу тамаддун, дар нигоҳдории давлати миллии мо дар таърих ном гузоштанд. Дар асри гузашта ба озодӣ расидем. Дар асри навин, хусусан дар замони ба истиқлол расидан ё ин, ки поёни асри 20 ва аввали асри 21, бо сабабҳои айниву зеҳнӣ, қариб буд, ки миллат пароканда мешуд вааз байн мерафт, вале Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дасти тавонои худ , киштии ғарқшудаи миллатро наҷот доданд.
Саҳифаи 17 аз 45









