Субҳи босафои 9-уми сентябр, мардуми сарбаланди  ноҳияи Сангвор бо рӯҳияи болида, 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол гирифтанд. Дар варзишгоҳи ноҳия чорабинии идона, намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули дасти деҳқон, ҳамчунин бозиҳои гуногуни варзишӣ ва барномаи калони фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Давлатзода Сулаймон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси ноҳияи Сангвор ва тамоми сокинони ноҳия ва ҷамоатҳои он ширкат доштанд.

Иштирокчиён пеш аз оғози чорабинӣ аз гӯшаи намоиши дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дидан карданд. Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон ва раиси ноҳияи Сангвор Давлатзода Маҳмадшоҳ дар суханрониҳои худ ин рӯзро табрик гуфта, таъкид карданд, ки Истиқлоли давлатӣ натиҷаи талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва заминаи рушди кишварро фароҳам овардааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, илм, иқтисод ва фарҳанг дастовардҳои назаррас ба даст овардааст. Ҳамзамон, барномаи чорабинӣ бо тақдими сипоснома ба соҳибкорон, собиқадорон ва омӯзгорони фаъоли ноҳия идома ёфт.

Барномаи рангини ҳунармандони қасри фарҳанги ноҳия ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хосса бахшид.

     Дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни  муқаддас маҳсуб мешавад.

      Дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ  Худованд ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд. Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

     Ваҳдат, сулҳу салоҳ барои ҳар як миллат арзиши бузургу тақдирсоз дорад. Миллате, ки дар он мардум бо якдигар ҳамдилу ҳамфикр бошанд, сулҳро арҷ гузоранд ва дар фазои созандагӣ зиндагӣ кунанд, метавонад ба пешрафт, ободӣ ва шукуфоӣ бирасанд.

   Сулҳ ва ваҳдат на танҳо замина барои суботи сиёсиву иҷтимоӣ мебошад, балки шарти асосии рушди иқтисод, илм, фарҳанг ва маърифат низ ҳаст. Таърих нишон медиҳад,  миллатҳое, ки ба ихтилофу низоъ роҳ додаанд, ба сустшавии пояҳои давлатдории худ гирифтор шудаанд.

   Пойдории сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шахси ватандӯсту бедордил мебошад. Мо бояд бо эҳтиром ба якдигар, ба арзишҳои миллӣ, ба фарҳанг ва забони модарӣ, барои таҳкими ин неъматҳои бебаҳо саҳм гузорем.

   Танҳо дар фазои сулҳу субот аст, ки орзуҳои наслҳои нав ба воқеият табдил меёбанд ва ояндаи дурахшони миллат таъмин мегардад.

    Дар тӯли таърихи навини Тоҷикистон, солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ яке аз саҳифаҳои талху таълимомӯзи миллат ба ҳисоб меравад. Ноҳияи Сангвор низ чун дигар минтақаҳои кишвар дар гирдоби ин ҷанги таҳмилии бародаркуш осеб дид. Ин замин, ки имрӯз орому обод аст, замоне саҳнаи нооромиҳо ва дарду ҷудоиҳову хунрезињо  буд.