- Диданд: 741
Мақомоти иҷроияи махалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор иттило медиҳад, ки 10 ноябри соли 2022 бахшида ба “Рӯзӣ Милитсия”дар ноҳияи Сангвор чорабинии тантанавӣ бо иштироки раиси ноҳия баргузор гардид. Дар чорабини кормандони ШВКД дар ноҳия, собиқадорон бо сипосномаву туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шудаанд. Чорабиниро ҳунармандони қасри фарҳанг бо сурудҳои ватанпарварӣ ҳусни дигар бахшидаанд.
- Диданд: 326

Ҳамдиёрони азиз!
Шашуми ноябри соли 2018 аз рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим ва арзишманд дар зиндагии ҳамаи мо мебошад, 24 сол сипарӣ мегардад. Халқи Тоҷикистонро саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия мебошад.
Ба муносибати ин санаи таърихӣ ҳамаи Шуморо самимона табрик мегӯям ва ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ таманно дорам.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, пойдевори давлати тозаистиқлол ва раҳнамои миллати созандаву бунёдкори тоҷик ба ҳисоб меравад.
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳалаи сифатан нави таърихӣ инкишофи худ ворид шуданд ва дар мамлакат давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид.
Саҳифаи 6 аз 6



