- Диданд: 712
Пас аз гузаронидани чорабиниҳои гуногун дар доираи силсилачорабиниҳои “Моҳвораи ҷавонон” рӯзи 23 май дар толори Қасри фарҳанг барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Ҳоло ки ман ҷавонам” баргузор гардид.Чорабинии мазкур соати 10:00 оғоз ёфт, ки онро бо суханони ифтитоҳи барандаи ин чорабинӣ Бахтиёр Фақиров кушода, сухани табрикиро ба раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат дод. Мавсуф баромад намуда, кулли ҷавонон ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба Рӯзи ҷавонон табрику таҳният гуфт. Пас аз суханони пурмуҳтавои раиси ноҳия мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Тўйчии Нурмаҳмад баромад намуда, ҷавононро ба ин рӯзи муборак табрику муборакбод намуда, бархе аз ҷавонони муваффақро(гирандагони идрорҳои президентӣ, раиси ноҳия ва дигар ҷавонони лаёқатманду ташаббускор) дар ҳузури раиси ноҳия, бо Ифтихорномаю туҳфаҳои молӣ сарфароз гардонид.
Раиси ноҳия дар анҷом ба чунин ҷавонони созандаю ифтихори миллат аҳсан гуфта, ба онҳо дар шоҳроҳи зиндагияшон муваффақиятҳо таманно намуд.
- Диданд: 714
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо ихтиёриён – аъзоёни маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” тибқи нақша - чорабинии бахш дар доираи “Моҳвораи ҷавонон” таҳти унвони “Ҷавонон узви як оилаанд” аз Маркази будубоши “Меҳр”, ки аксарияти ҷавонони имконияташон маҳдуд дар ин марказ фаро гирифта шудаанд, рӯзи 19 –уми май дидан намуда, бо онҳо аз наздик суҳбату вохӯрӣ гузарониданд. Ҳамзамон аз шароити зисту зиндангии эшон дар ин марказ аз наздик ошно гаштанд. Дар фарҷоми вохӯрӣ ихтиёриён туҳфаҳои таъсиснамудаи бахши кор бо ҷавонон ва варзишро ба ин ҷавонони имконияташон маҳдуд тақдим намуда, бо ин иқдом ба онҳо таъкид намуданд, ки ҷавонон новобаста ба имконияташон узви як оилаанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ танҳо нестанд ва узви ҷомеа хоҳанд монд.
- Диданд: 712
Дар доираи нақша – чорабиниҳо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар асоси сисила -чорабиниҳои “Моҳвораи ҷавонон” дар таърихи 17-уми майи соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ –фароғатии ноҳия бо иштироки ҷавонон – наврасон - муҳассилини МТМУ №1 маҳфили рассомӣ ва китобхонӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагони синфҳои 10 -11 ширкат варзида ҳунару истеъдоди рассомӣ ва китобхонии хешро нишон доданд.
- Диданд: 746
Дар доираи ”Моҳвораи ҷавонон” бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ ноҳия тибқи нақша – чорабини бахш, яъне баргузории хониши сиёсӣ аз рӯйи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, бахши кор бо занон ва оила, бахши Хадамоти муҳоҷират, муассисаи давлатии мактаби варзишӣ, шуъбаи маориф, суди ноҳия, прокуратураи ноҳия ва ШВКД дар ноҳия дар давраи ”Моҳвораи ҷавонон” дар ҷамоатҳои деҳот бо ин қишри пешбарандаи ҷомеа –ҷавонон ва волидайни эшон аз наздик вохӯрда, оиди мавзӯъҳои рӯзмара ва мубраму доғи рӯз сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Аз ҷумла оиди ғамхориҳою дастгирии шабонарӯзи сарвари кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин қишри ҷомеа ва муҳайё намудани шароити зисту зиндагонӣ ва таҳсил дар кишвар ва берун аз он, ҳифзи якпорчагии ин Ватани маҳбуб, муқаддасоти миллӣ ва фирефта нагаштани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва дарк намудани сиёсати хирадмандонаи сарвари кишвар ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар замони ҷаҳонишавӣ ва таҳлили бандҳои Паёми сарвари кишвар буданд мавзӯъҳое, ки ҳангоми ингуна вохӯриҳо гӯшраси иштирокчиён гардиданд.
Дар ин гуна чорабиниҳо зиёда 600 нафар ҷавонону наврасон волидон ва ихтиёриён ширкат варзида, ғизои маънавӣ гирифтанд. Дар ин суҳбату вохӯриҳо муовини раиси ноҳия Олимов Абдулло, мудири бахши кор бо занон ва оила Исмонова Назокат, мудири шуъбаи маориф Солиҳзода Рухшона, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Резвонов Салоҳиддин, директори Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ Хошоков Иброҳим, раиси суди ноҳия Салимзода Муҳаммад, прокурори ноҳия Халилов Абдураҳмон, сардори шуъбаи амният Досов Хуршед ва сардори ШВКД Раҳимзода Файзулло иштирок намуда, дар мавзӯъҳои дар самти худашон вобаста бо ҷавонон ва волидайни эшон суҳбат намуданд. Ингуна суҳбату вохӯриҳо ба баланд бардоштани дарки маърифати сиёсию фарҳангӣ ва маърифатию варзишии ҷавон мусоидат хоҳанд намуд. Ҳамзамон ин суҳбату вохӯриҳо дар як сатҳи хуб гузаронида шуданд.
Саҳифаи 39 аз 46









