10 декабри соли 2024 ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, аъзоёни ҳизб ва роҳбарони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш таъкид карда шуд, ки 10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисон дар бораи ташкилёбии ҳизб қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард ва 25 – уми июни соли 1997 дар Анҷумани 3-юм номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд. Бо гузашти 30 сол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчинун иқтисодиёти устувор, ки баҳри беҳбуди ҷомеа нигаронида шудааст, фаъолияти пурсамар намуда истодааст.
    Ҳанӯз чанд сол қабл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки “Ҳадафи ягонаи мо аз ташкили Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муттаҳид намудани нерўҳои пешбарандаву босалоҳият, ваҳдатсозу сулҳовар ва дорои масъулияти баланди давлатдорӣ ва бо ин роҳ гузоштани саҳми арзанда дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ буд”.
    Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои бароварда кардани ниёзҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, муттаҳидии нерўҳои пешбарандаву босалоҳияти ваҳдатсоз саҳми арзишманд гузошта, аз рўзи нахустини ворид гардидан ба майдони сиёсӣ манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуд.
     Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ илова намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди бонуфузи ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар пешрафти мамлакат нақши муассир дошта, аъзо ва пайравони он дар мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба сифати нерўи пешбарандаи ҷомеа фаъолияти назаррас доранд.
    Боиси тазаккур аст, ки дар соли 2021 бинои нави кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳия бо иштики бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар натиҷа барои фаъолияти кормандон шароити беҳтарин фароҳам оварда шуд.
    Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд бо такя ба сиёсати инсондўстонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як аъзои ҳизб баҳри татбиқи нақшаву барномаҳои ҳизбӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолияти босамар намуда, дар ин ҷода аз тамоми нерў ва имкониятҳо самаранок истифода хоҳанд намуд.
     Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор Қурбонзода Темур Сафар зимни суханронӣ иброз дошт, ки барои амалӣ шудани нақшаву барномаҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд ва сафи аъзову пайраовни ин ҳизби созанда сол аз сол зиёд мегардад. Минбаъд ҳам аъзову пайраовни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоиста ба мардум” бо роҳбарии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми бештар мегузоранд.