Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо терроризм ва экстремизми хушунатомез

Санаи 11 феврали соли ҷорӣ дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор мулоқоти судманд бахшида ба 12 феврал – Рӯзи байналмилалии мубориза бо терроризм ва экстремизми хушунатомез баргузор гардид. Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати таъмини амнияту субот дар ҷомеа арзёбӣ шуд.

Дар мулоқот мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сангвор Нурзода Туйчӣ, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор Исмонова Назокат ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор Қурбонзода Шаҳноза иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нурзода Туйчӣ зимни баромади худ иброз дошт, ки терроризм ва экстремизм хатари ҷиддӣ ба амният ва рушди ҷомеа маҳсуб меёбанд. Ӯ таъкид кард:
«Ҷавонон қишри фаъол ва ояндасози ҷомеа мебошанд. Мо бояд бо роҳандозии чорабиниҳои маърифатӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ онҳоро аз таъсири андешаҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорем. Баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва ватандӯстӣ беҳтарин сипар бар зидди ин зуҳуроти номатлуб аст».

Исмонова Назокат дар суханронии худ нақши оиларо дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард:
«Оила мактаби аввалини тарбия мебошад. Агар падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, эҳтимоли гаравидани онҳо ба ҳар гуна равияҳои ифротӣ коҳиш меёбад. Мо бояд дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшем».

Қурбонзода Шаҳноза низ зимни баромади худ таъкид намуд, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи дастаҷамъона буда, ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ омили муҳими таъмини амният мебошад. Ӯ гуфт:
«Танҳо бо роҳи муттаҳидӣ ва боло бурдани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон метавонем пеши роҳи паҳншавии андешаҳои ифротиро гирем. Ҳифзи сулҳу субот вазифаи ҳар яки мост».

Дар фарҷоми мулоқот иштирокчиён атрофи масъалаҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкории фаъолона дар самти пешгирии зуҳуроти номатлуб иброз доштанд.

Н. Алиева