Рӯзи 4 март, дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Модар, ту биҳишти ҷовидонӣ» бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Бафозода, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Назокат Исмонова, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини раиси ноҳия зимни баромади худ иброз дошт, ки модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, покизагиву самимият буда, тарбияи насли солим ва соҳибмаърифат маҳз аз оғӯши гарму пурмеҳри модар оғоз меёбад. Ӯ таъкид кард, ки эҳтирому қадрдонии модарон ва занону бонувон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Мудири бахши кор бо занон ва оила қайд намуд, ки нақши Зан-Модар дар таҳкими пояҳои оила ва рушди ҷомеа басо арзишманд аст. Ӯ иброз дошт, ки дастгирии давлатии занон имконият фароҳам овардааст, то онҳо дар тамоми соҳаҳо фаъолияти пурсамар дошта бошанд.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш зимни суханронии худ гуфт, ки ҷавонон бояд эҳтироми модарро волотарин арзиш донанд ва бо рафтору кирдори шоиста сари модари хешро баланд намоянд. Ӯ ҷавононро ба ватандӯстӣ, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ даъват кард.
Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор таъкид намуд, ки арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан-Модар яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва ҳадафҳои барномавии ҳизб ба шумор меравад. Зикр гардид, ки тарбияи насли солим ва бомаърифат дар меҳвари сиёсати созандаи кишвар қарор дорад. Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи баланди идона анҷом пазируфт.
Н. Алиева



