Бо ибтикори Ташкилоти Ҷамъиятии «Хингоб» дар доираи баргузории маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳӣ хушунат» дар ноҳия ҳамоиш баргузор гардид.
     Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Туйчии Нурмаҳмад дар ҳамоиш иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти мавҷудияти номувозинатии гендерӣ дар самти осебпазирии бештари занон доимо дар ҳалли мушкилоти онҳо тадбирҳои муҳимро амали менамояд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар бораи имкониятҳои ва таъмини баробарии гендерии духтарону писарон ҳангоми гирифтани маълумот, иштироки занон дар раванди қабули қарорҳо, пешгирӣ намудани зӯроварӣ нисбат ба занон таҳия ва қабул гаштаанд.
 
 
   Маъракаи иттилоотии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» имсол бо шиори «Мубориза бо меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ ва рушди меъёрҳои мусбат» 25 ноябр оғоз гардида, 10 декабр дар Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷамъбаст мегардад.